Тибқи арзёбии ахири коршиносони Бонки ҷаҳонӣ нисбат ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», барои идомаи сохтмони иншооти мавҷудаи нерӯгоҳ ҳеҷ монеъа вуҷуд надорад.
Аммо дар мавриди ин масъала коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Георгий Кошлаков ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ташхис ҳоло ба итмом нарасида, баъзе масоиле мавҷуданд, ки то ҳанӯз мавриди баррасии коршиносони байнулмилалӣ қарор доранд. «Баррасии ду масъалаи хеле ҷиддӣ боқӣ монда, коршиносон ба он машғуланд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли коршинос дар қисмати анҷомёфтаи таҳқиқоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои Тоҷикистон баҳодиҳии манфӣ ҷой надорад. «Танҳо дар мавриди корҳои анҷоми пурраи иншооти сохташуда дар нерӯгоҳ тавсияҳо пешниҳод гардидаанд», - зикр кард Кошлаков.
Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумон, раиси ҲКТ ва энергетик Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон усулан арзёбии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ лозим нест, зеро ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ мушаххасан изҳор дошт, ки ба корҳои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» маблағгузорӣ карданӣ нест.
Ба гуфтаи Шабдолов, ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун» қариб пурра насб шуда, замони оғози идомаи сохтмони иншоот фаро расидааст. «Бонки ҷаҳонӣ муддати хеле зиёдест, ки моро фиреб мекунад. Ҳамчун муҳандиси бахши энергетика бо масъулият мегӯям, ки барои баргузории ташхиси техникии чунин иншоот ин қадр вақти зиёде зарур нест. Фикр мекунам, ки ин ҷо на ташхис, балки сирф бозии бозорӣ ҷараён дорад» - афзуд Шабдолов.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.
Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.
Чанд рӯз қабл марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар иттилоияи баъди машварат пахшшуда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки санаи баргузории марҳилаи панҷуми вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарё каме дертар муайян крада мешавад.
Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста