Имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ мегардад.
Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд.
Сухангӯи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз соати 23:00 то 5:00-субҳ интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад. «Ин чораи зарурӣ буда, умедворем, ки аҳолии кишвар онро ба хубӣ дарк мекунад», - гуфт ӯ.
Ба қавли сухангӯи ширкат, реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт. «Мо аз аҳолӣ даъват мекунем, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намуда, қарзҳои истифодаи барқро саривақт пардохт намоянд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мутрибахон 28 октябр, 2013 11:18
Дар ин хабар зикр гардидааст, ки "аз соати 23:00 то 5:00-субҳ интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад." Лекин дар нохияи Б. Гафуров чарогро соати 22:00 катъ мекунанд. Сабаб дар чист?