ҶСК «Сангтӯда-1» мавсими кори баҳору тобистонро муваффақона ҷамъбаст намуда, истеҳсоли нерӯи барқро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 29% зиёд кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Сангтӯда-1» тӯли моҳҳои апрел -сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ 871,4 млн. кВт/соат (ҳамин давраи соли гузашта 675,8 млн. кВт/соат) ва нишондиҳадаи миёнаи истеҳсоли шабонарӯзӣ дар ин давра ҳудуди 4,8 млн. кВт/соатро ташкил дода, дар ин нерӯгоҳ дар маҷмӯъ аз оғози фаъолият беш аз 10 млрд. кВт/соат барқ истеҳсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, вазъи пардохти қарз ба корхона аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳамоно мушкил боқӣ монда, ба санаи 1-уми октябр ҳаҷми он ба беш аз 388 млн. сомонӣ (81,4 млн. $) баробар аст.
«Ширкати «Барқи тоҷик ҳар моҳ ба нерӯгоҳ 10 млн. сомонӣ мабалғ интиқол медиҳад, ки ҳарчанд комилан ба хароҷоти ҷорӣ бааснда набошад ҳам, ба таъмини талаботи аввалиндараҷа, аз ҷумла харидани маводи сӯхт, мавод барои таъмини истеҳсолот, қисмҳои эҳтиётӣ ва пардохти музди меҳнат ба ҳайати шахсӣ имкон медиҳад», - гуфтанд дар нерӯгоҳ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста