Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта мужда доданд.
Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 28-уми октябр пахтакорони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 100%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст овардаанд, ки 90%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Ба пахтакорони ноҳияҳои тобеи марказ то имрӯз ҷамъоварии 10,2 ҳазор тонна ҳосил муяссар шудааст, ки ба 43%-и нақша баробар аст.
Ба аввали ҳафтаи равон дар саросари кишвар дар маҷмӯъ беш аз 380 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ҳудуди 94%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста