Дар робита ба ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ, аз имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути ин телефонҳо истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд.
Ҳар нафаре аз истеъмолгарони барқ метавонад тариқи телефонҳои 235 86 74; 235 86 84; 610 60 50 занг зада, дар бораи вазъи таъмини барқ дар ин ё он минтақа, аз ҷумла риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят кунад.
«Ба ҳар кадоме аз шикояти асоснок чорабиниҳои таъҷилӣ андешида хоҳанд шуд», - итминон дод ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ӯ зикр кард, ки тариқи телефонҳои боварӣ истифодабарандагон ҳамчунин метавонанд ширкатро аз пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, истифодаи ғайриқонунии барқ, муносибати дағалонаи нозирон ба онҳо низ огоҳ намоянд.
«Ҳамаи маълумоти воридшуда тавассути телефонҳои боварӣ сабт шуда, ҳар ҳафта дар ҳузури раиси ширкати «Барқи тоҷик» аз он натиҷагирӣ ва шахсони гунаҳкор муҷозот мешаванд», - афзуд сухангӯи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки аз 26-уми март дар тамоми манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мутобиқи ин реҷа, аз ин ба баъд аз соати 23:00 то 5:00-субҳ интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста