Дар доираи омода сохтани нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон номгӯи шахсони ҳуқуқиеро, ки соли оянда аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд, муайян кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», ки 23-юми октябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, шахсони ҳуқуқие, ки зимни ба ҷумҳурӣ ворид намудани масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, мушаххасан муайян карда шудаанд.
Миёни шахсони ҳуқуқии соли оянда аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда мақомоти шаҳрдории пойтахт – зимни воридоти нақлиёти мусофирбар; комбинати металлургии мавриди бунёд қарордоштаи Ҳисор – зимни воридоти таҷҳизот; КМ «ТоҷИрон»-и Тоҷикистону Эрон – зимни воридоти таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ барои сохтани трактор; меҳмонхонаҳои дар кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакии пойтахт мавриди бунёд қарордошта (номашон ишора нашудааст) – зимни воридоти масолеҳи сохтмон ва ҳамчунин ШСХК «Барқи тоҷик» - зимни воридоти мазут барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии пойтахт зикр шудаанд.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷет дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста