Семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ беш аз 1 млрд. $ маблағи пулӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввал 45% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони хусусӣ 1 млрд. 685 млн. $ маблағи пулӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли 2012 ба 1 млрд. 671 млн. $ баробар шуда, соли гузашта дар маҷмӯъ аз ҷониби шахсони воқеӣ ба ҷумҳурӣ 3 млрд. 595,2 млн. $ маблағ интиқол ёфта буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия 208 млн. $ маблағи пулӣ интиқол додаанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон худдорӣ варзидан аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кориро афзал медонанд. «Ман доир ба интиқоли маблағҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад», - гуфта буд зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.
Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон даст кашид, ки дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» дарҷ мешуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 848,5 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 9,5% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста