Дар доираи амалисозии «Барномаи маблағгузории шарикӣ ба корхонаҳои миёнаи БАТР» Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо «Бонки Эсхата» қарордод ба имзо расониданд. БАТР ва «Бонки Эсхата» ба ширкати «Дилписанд» ва «Фархунда», ки ба ҳайати ширкатҳои «Яхмос Групп» шомиланд, дар ҳаҷми 850 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хабар доданд, ин маблағ ба ширкатҳо барои дастрас кардани яхдонҳо ва таҷдиди технологияи истеҳсолот бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани ҳиссаи ширкат дар бозор шароити мусоид фароҳам меоварад.
«БАТР бо қаноатмандӣ дар ҳамдастӣ бо «Бонки Эсхата» ба яке аз мизоҷони беҳтарин маблағгузорӣ мекунад ва иштироки мо дар ин қарордод муҳим аст, зеро имконоти бонкҳои маҳаллӣ баҳри мусоидат ба рушди ширкатҳои муваффақе чун «Яхмос Групп» то ҳол маҳдуд мебошад», - иброз доштааст дар ин робита роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Улф Хиндстрем.
Қобили зикр аст, ки ширкати «Яхмос Групп» ба истеҳсоли яхмос, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, самбӯса, тушбера (барак) ва манту машғул аст.
ҶСК «Бонки Эсхата» — яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии Тоҷикистон буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Шабакаи васеъи Бонки Эсхата аз 18 филиал, 41 маркази хизматрасонии бонкӣ ва зиёда аз 200 нуқтаҳои интиқоли пулӣ иборат аст.
«Бонки Эсхата» яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба панҷгонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Арзишҳои муҳими Бонк боварӣ ва дастрасии хизматрасониҳо, устуворӣ ва шаффофият, махфият, навоварӣ, ягонагӣ маҳсуб меёбанд. Давоми 6 соли охир Бонки Эсхата бо ширкатҳои рейтингии байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонкро баҳогузорӣ намудаанд.
Дар самти молиявию қарзӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон Бонки Эсхата таваҷҷȳҳи асосиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию, иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум равона мекунад. Дар давоми фаъолияти худ ҶСК «Бонки Эсхата» ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ низ аҳамияти муҳим дода, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ кȳмаки молиявии худро мерасонад. Ҳамзамон Бонк барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни варзиширо сарпарастӣ менамояд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста