Нисбат ба соли гузашта соли равон ба Тоҷикистон 10 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ бештар ворид гардид.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 45 ҳазору 449 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шуда, ин нишондиҳанда соли гузашта ба 35 ҳазору 906 адад баробар буд. Дар таносуби маблағи пулӣ воридоти воситаҳои нақлиёт 37,9% афзудааст.
Агентии омори назди президенти ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2013 маблағи умумии воридоти нақлиёти автомобилӣ 551,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Кишварҳои асосие, ки аз онҳо ба Тоҷикистон автомашинаҳо ворид карда шудаанд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия, Чин ва кишварҳои Назди Балтик маҳсуб меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузории «Синьхуа», аз оғози соли равон содироти автомашинаҳои истеҳсоли Чин, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст. Соли ҷорӣ аз Чин ба Тоҷикистон 1 ҳазору 502 адад автомобил ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи сеюми соли гузашта 15,8% камтар аст.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли равон аз Чин аз ҳама бештар ба Қазоқистон автомобил ворид карда шудааст, ки 9 ҳазору 18 ададро ташкил дода, нисбат ба семоҳаи соли гузашта 1,1% бештар мебошад. Воридот ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон – 1 ҳазору 502 адад (коҳиш 15,9%), Туркманистон – 1 ҳазору 110 адад (коҳиш 19,8%) ва Русия 1 ҳазору 305 адад (коҳиш 56,5%) кам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста