Кори Комиссияи озмунӣ оид ба интихоби ширкати аудиторӣ барои аудити ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2013 ба итмом расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои озмун, Ширкати аудитории «Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер» - узви Ширкати байналмилалии аудитории «Эрнст энд Янг Глобал» ғолиб дониста шуд.
Ёдрас мекунем, ки бо дархости Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи барномаи мониторинги ҳайати шахсӣ (SMP), ширкати аудиторӣ-консалтингии «Эрнст энд Янг» соли 2008 аудити махсуси БМТ-ро баргузор намуда, он замон ХБА Тоҷикистонро ба пешниҳоди «маълумоти носаҳеҳ» дар бораи захираҳои тиллову асъори БМТ гунаҳкор дониста буд. То ин вақт ХБА муддати 5 сол ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 80 млн. қарз ҷудо карда буд.
Он замон санҷиши фаъолияти БМТ дар давраи роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кунунӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатиро собит сохта буд. Дар ҷараёни санҷиш камбудиҳои сершумор, аз ҷумла интиқоли воситаҳои давлатӣ ба ширкатҳои хусусии таҳти роҳбарии худи Алимардон ё наздикони ӯ ошкор гардида буд.
Дар рафти санҷиш ошкор шуд, ки бонк ба ширкати «Кредит-Инвест», ки ба пахтакорони хусусӣ қарз медод, маблағгузорӣ кардааст. Тӯли солҳои 2004-2008 БМТ дар ҳаҷми умумии 856 млн. $ ба «Кредит-Инвест» қарз ҷудо карда, ба моҳи августи соли 2008 қарзи ин ширкат дар назди БМТ 295 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Тибқи фарзияи расмӣ, қарзҳо барои рушди пахтакорӣ ҷудо мегардиданд, вале ширкат онҳоро бо мақсадҳои тиҷорат истифода мекардааст.
Яке аз саҳмиядорони «Кредит-Инвест» корпоратсияи «ХИМА» ва яке аз саҳмиядорони ин корпоратсия, тибқи баъе маълумот, Муродалӣ Алимардон номбар шуда буданд. Худи Муродалӣ Алимардон саҳмиядори ин корпоратсия буданро рад мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста