Имрӯз дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи панҷрӯзаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» доир гардид. Чорабинӣ дар доираи амалисозии созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ» миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо, саноат ва кони Эрон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ПСС ҶТ, намоишгоҳ бо иштироки 30 ширкати эронӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои пешрафта, дарёфти шарикони нав, таъсиси истеҳсолоти муштарак ва ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва захираҳои корӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои пешрафтаи эронӣ намунаҳои беҳтарини маҳсулоти саноатӣ, технологияҳои муҳандисиву фаннӣ ва лоиҳакишии сохтмон, таҷҳизот ва дорувории тиббӣ, воситаҳои поксозии обу фазо, методҳои коркарди партовҳои саноатӣ ва таҷҳизоти муосири бандубаст, генераторҳои гуногуни қулай ва технологияҳои компютерӣ, матоъ, зарф, ороишоти заргарӣ, қолин ва ҳамчунин маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро ба маърази тамошову харид мегузоранд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, гиёҳҳои шифобахш, таҷҳизоти ҷобаҷокунӣ ва бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти нафтӣ, маснуот аз пластмасса, ширкатҳои машғул ба истеҳсоли таҷҳизоти дафтари корӣ, меъмории берунӣ ва ғайра низ махсулоти худро пешкаш мекунанд.
Дар доираи чорабинӣ аз баргузории вохӯрии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон интизорӣ меравад, ки дар он баррасии дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва табодули таҷриба дар назар аст.
Бино ба маълумоти ПСС ҶТ, ҳаҷми муомилоти молии солона миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни ин кишварҳо ба 229 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста