Моҳи июли соли равон Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» бобати дастрас намудани 50 адад техникаи аэродромӣ ба маблағи 5,9 млн евро шартнома баст.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аввали моҳи октябр 3 адад автобуси перронӣ, 2 экскаватор, 1 адад грейдер, 2 адад зинапояҳои худгард оварда шуд. «Дастрас намудани техника идома дошта, дар назар аст, ки то моҳи марти соли 2014 маҷмӯи техникаҳои дар шартнома нишондодашуда пурра дастрас карда шавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли котиби матбуотӣ, техникаҳои нави замонавӣ имкон медиҳан, ки д сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон ба маротиб беҳтар карда шавад.
Ба гуфти мутахассисон «ЮТэйр-Лизинг» ба бозори авиатсионии Осиёи миёна ворид шуда, сараввал бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориро оғоз намудааст. «Дар назар аст, «ЮТэйр-Лизинг» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда парки техникии фурудгоҳро пурра намояд ва ҳамчун шарики стратегӣ дар оянда низ бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориҳоро вусъат диҳад», - гуфтааст и.в. директори «ЮТэйр-Лизинг» Мария Швартс.
Ёдовар мешавем, ки фурудгоҳи Душанбе калонтарин фурудгоҳи кишвар ба шумор рафта, айни ҳол имкони техникии хизматрасонӣ ба ҳамаи намуди ҳавопаймоҳои калонаҷми мусофиркаш ва боркашро дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста