Чанде қабл дар шаҳри Берлини Олмон мулоқоти кории вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати энергетикии олмонии Andritz Hydro доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Олмон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин ширкати олмонӣ дар доираи Ёддошти баимзорасида моҳи марти соли 2013 дар Душанбе баррасӣ шуданд. «Дар гуфтушунидҳо атрофи лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Варзоб-2 табодули назар сурат гирифт», - шарҳ доданд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, дар Берлин ҳамчунин Гул Шералӣ бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бузурги энергетикии Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, ки ба амалисозӣ ва маблағгузории муштарак дар бахшҳои энергетика ва саноати истихроҷи Тоҷикистон ҳавасманданд, низ дидору гуфтушунид намуд.
Ширкати олмонии ANDRITZ HYDRO яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҷмӯи пурраи таҷҳизоти электромеханикӣ ва ҳамчунин таъмингари хизматгузориҳо барои нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ буда, аз ширкатҳои пешсаф дар бозори ҷаҳонӣ оид ба таъмини таҷҳизот барои тавлиди энергияи гидравликӣ маҳсуб меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста