Дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмон бомаром идома доранд.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, то имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 45 ҳазор метри мукааб бетон истифода шуда, айни замон сохтмони дегхонаи №1 ва лӯлаи дудбарор бо баландии 120 метр ва иншооти обсардкунӣ (градирня) бо баландии 90 метр пурра ба итмом расидааст.
«Бо дархости Вазорат аз тарафи мутахассисони ширкати “ТВЕА” корҳои сохтмони нуқтаи гармитақсимкунӣ ва хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ аз «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» то зеристгоҳи “Душанбе-500 кВ” босуръат идома дорад», - омадааст дар иттилои шуъбаи котиботи Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон шумори коргарони иншоот беш аз 1,5 ҳазор нафар ва теъдоди техникаҳои дар корҳои сохтмонӣ истифодашаванда зиёда аз 150 ададро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.
Бояд зикр кард, ки “Маркази барқу гармидиҳӣ-2” 100 МВт иқтидор дошта, мавриди истифода қарор гирифтани блоки аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст. Марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста