Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошт.
Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, Гулнора Ҳасанова дар якҷоягӣ бо намояндагони вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллиии ноҳия дар маросими кушодашавии биноҳои филилаҳои Бонк дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ширкат варзид.
Ба иттилои манбаъ, бинои филиали бонк дар ноҳияи Мӯъминобод аз ду ошёна иборат буда дорои 12 утоқи корӣ барои 22 нафар корманди ин филила ва мизоҷони он хизмат мерасонад. Дар маросими кушодашавии ин бино ба 40 нафар пирони барнодили ноҳия, ки даъват шуда буданд ёрдампулӣ пешниҳод карда шуд.
Гуфта мешавад, имрӯз дар филилали Амонатбонки ноҳияи мазкур ҳамагуна хизмарасониҳои бонкӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст ва аз ҷумла нафақагирони ноҳия, ки нафақапулии худро маҳз аз Амонатбонк дастрас мекунанд аз ифтитоҳи ин бино изҳори миннатдорӣ намуданд. Имрӯз талаботи якмоҳаи нафақа дар ноҳияи Муъминобод 1 млн. 680 ҳазор сомониро дар бар мегирад ва шумораи умумии нафақагирони ноҳия 6183 нафарро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими боз шудани бинои нави филилаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳамадонӣ нафақагирони ноҳия баён намуданд, ки масъалаи пардохти нафақа ва хизмарасониҳои кормандони филиал барои беҳдошти рӯзгори онон ва пардохти саривақтии нафақапулии онҳо равона карда шудааст. Пас аз ифтитоҳи ин бинои Амонатбонк ба 20 нафар пирони рӯзгордидаи ноҳия кумакипулҳо тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз филиали Амонатбонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар баробари дигар мизоҷони худ боз ба 11 ҳазору 426 нафар нафақагир бо талаботи якмоҳаи 1 млн. 294 ҳазор сомонӣ хизмат мерасонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста