- Низоми бонкии Тоҷикистон аз идеал дур аст, зеро дар марҳилаи ташаккул қарор дорад, - гуфт рӯзи 14-уми ноябр зимни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ»-и Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ӯ зикр кард, ки интиқоди заифии бахши бонкии ҷумҳурӣ воқеӣ буда, вале набояд фаромӯш кард, ки ин кор аз сифр оғоз гардида, баҳри расидан ба натиҷаи назаррас роҳи дуру дарозеро тай мебояд кард.
«Пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, аз ҷумла бақияи қарзҳо ва суръати қарздиҳӣ соли равон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуданд. Масалан, дар муқоиса бо соли гузашта суръати қарздиҳии хурд 48% ва дар маҷмӯъ ҳаҷми қарздиҳӣ дар қиёс бо 9 моҳи соли гузашта 37% афзуд», - иброз дошт А.Ширинов.
Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов зикр кард, ки имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистону Тоҷикистон сатҳи пардохт нашудани қарзҳо хеле баланд аст ва дар Тоҷикистон ҳудуди 70%-и амонатҳо бо асъори хориҷӣ мебошанд, ки кишварро дар вазъи буҳронӣ осебпазир месозад.
«Бахши молиявии Тоҷикистон ба қадри кофӣ рушдёфта нест, яъне амонатҳо дар сатҳи паст – ҳудуди 14% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор доранд ва ба эътимоди мардум ба бонкҳову ба низоми идоракунии хатарҳо беҳбудӣ мебояд бахшид», - гуфт намояндаи доимии ХБА дар ҶТ.
Дар робита ба таваррум А.Ширинов зикр кард, ки мизони он дар зарфи 10 моҳ 3,1%-ро ташкил дод, ки бо маълумоти ХБА – 5,1% аз рӯи натоиҷи сол мувофиқ нест. «Мо бовар дорем, ки сатҳи таварруми имсол 4-4,5%-ро ташкил дода, нишондиҳандаи ММД – 7,4% низ бад нест, вале поинравии суръати иқтисод дар Русия метавонад ба коҳиши воридоти маблағҳои пулӣ аз Русия боис гардад, ки асосан маблағҳои муҳоҷирон ва маблағҳо аз содироти хурд мебошанд ва ин вазъ метавонад вазъи бозори асъори Тоҷикистонро муташанниҷ созад», - изҳор кард раиси БМТ.
Раиси БМТ изҳори умедворӣ намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла корхонаҳои сементбарорӣ имкон хоҳанд дод, ки арзиши сохтмон дар як сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад. «Бо назардошти анҷоми қарибулвуқӯъи сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ, дар бахши тавлиди нерӯи барқ низ метавон аз пешравиҳои назаррас интизорӣ дошт», - афзуд Абдуҷаббор Ширинов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста