Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон гузориш оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Раштро пешниҳод кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои март-октябри соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо Маркази рушди нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистону Норвегия дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Тагоби ин водӣ таҳқиқот анҷом дода шуд.
Гурӯҳи коршиносон вазъи рушди ноҳияҳои дорои нерӯгоҳҳои хурд ва ҳамчунин имконоти гидроэнергетикии дарёҳои водии Раштро мавриди арзёбӣ қарор дода, бар асоси натоиҷи таҳқиқот ҷиҳати беҳбуди шароитҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсиҳо пешниҳод намуданд.
«Бо назардошти имконоти назарраси гидроэнергетикии кишвар, мебояд зикр намуд, ки ин ташаббус иқдоми муҳим дар роҳи рушди устувори Тоҷикистон мебошад», - гуфтааст Ханс Питер Ларсен, муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон.
Ба андешаи ӯ, барои манотиқи деҳот энергетика яке аз муҳаррикҳои асосии рушди саноат, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия мебошад. «Вазъи воқеӣ дар масъалаи таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди минтақа, ки дар гузориш дарҷ ёфтааст, ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ дар таҳияи барномаи рушди устувори мамлакат кӯмак мерасонад», - иброз доштааст номбурда.
Дар семинари бахшида ба муаррифии гузориш беш аз 50 нафар намоянагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилаливу ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши захираҳои обиву энергетика ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста