Дар ҷараёни сафари кории раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба навоҳии вилояти Хатлон ӯ дар маросимии ифтитоҳи бинои наву замонавии филиали ноҳияи Бохтар иштирок намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатболнк», Гулнора Ҳасанова пас аз шиносоӣ бо утоқҳои кории бинои тозабунёд ва шароити хуб барои кормандон ва мизоҷони Бонк изҳори қаноатмандӣ намуда ба кормандони филиал таъкид намуданд, ки меҳнати софдилона ба корафтодагон ва хизмарасонии олӣ эътимоду боварии мардумро ба Бонк бештар мегардонад.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми боздид дар саҳни филиал ба 100 нафар нафақагирон-пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз нафақагирони ноҳияи Бохтар соҳиби кортҳои Бонкии «корти миллӣ» шуданд, ки ин навгонӣ ҳам барои нафақагирон ва ҳам барои аз байн бурдани муомилоти нақдии пул дар кишвар қадами устувор аст. Аз ин баъд 15 ҳазору 327 нафар нафақагирони ноҳияи Бохтар нафақапулии худро тариқи кортҳои миллӣ дастрас менамоянд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то ба имрӯз шумораи умумии дорандагони кортҳои бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” 312 ҳазору 512 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 277 ҳазору 788 нафарашон нафақагирон мебошанд. То ба имрӯз Амонатбонк бо 510 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оиди пардохтҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ба муштариёни Амонатбонк 257 таҷҳизоти ПОС-терминал ва 61 банкомат дар 20 ноҳияи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад, ки ин кори дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонкро қулай ва осон мегардонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста