Дар Тоҷикистон Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) оғоз гардид. Дар доираи ин Ҳафта аз 18 то 24-уми ноябр дар 125 кишвари дунё ба дастгирии беш аз 25 ҳазор ташкилотҳои шарикӣ чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (American Chamber of Commerce ( AmCham ) хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ рӯзи 21-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро дар он ба маърази умум мегузоранд.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз бахшида ба баррасии масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо иштироки кормандони ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе конфронси матбуотӣ доир мегардад.
Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба пешбурди муҳити тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ машғул буда, аз соли 2009 шумори аъзои Палата се маротиба афзуд. Ҳар як сохтори тиҷоратии дохилӣ ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон, ки баҳри саҳмгузорӣ ба рушди муҳити мусоиди иқтисодӣ дар кишвар омода аст, метавонад узви Палата шавад. Дар навбати худ, AmCham ба ширкат ҷиҳати рушди тиҷорат ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста