Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳи октябр қариб ба андозаи 12% коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ тибқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мешавад, моҳи октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 1 млрд. 248 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи сентябри ҳамин сол ба миқдори 45,6 млн. кВт/соат камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо моҳи октябри соли гузашта моҳи октябри соли ҷорӣ истеҳсоли барқ ба миқдори 84 млн. кВт/соат афзуда, ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар кишвар дар моҳи октябр ба 1,2 млрд. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 2% камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 50 млн. кВт/соат ба кишвари ҳамсояи Афғонистон нерӯи барқ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. кВт/соат зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи октябр Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 30,2 млн. $ нерӯи барқ содирот намуд, ки нисбат ба моҳи октябри соли гузашта қариб 70% бештар мебошад.
Дар робита ба коҳиши маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак, моҳи октябри соли равон дар минтақаҳои кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуд. Ахири моҳи октябри соли равон сатҳи об дар обанбори Норак 908,55 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи сентябри ҳамин сол 2,06 метр ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,03 метр поинтар буда, аз нишондиҳандаи «ҳаҷми ниҳоии ҳадди ақал» (857 метр) 51,55 метр болотар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста