Рӯзи 20-уми ноябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.
Дар оғози суҳбат Ширинов меҳмононро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ ва дастовардҳо дар низоми бонкии мамлакат шинос намуда, иброз дошт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бобати ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома дошта, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия ва мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати меҳмонони давлати Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста