Рӯзи 19-уми ноябр, Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, Роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафир Ҷонатан Эддлтон, Мудири Бахши шӯъбаи кишоварзии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабуров, Вазири мелиоратсия ва об Раҳмат Бобокалонов, ҷонишини якуми Вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов ва ҷонишини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Раҷабалӣ Раҷабов барои ҷалби таваҷҷуҳ ба дастовардҳо дар самти амнияти озуқа дар Тоҷикистон ва оғози лоиҳаҳои нав дар доираи фаъолиятҳои ташаббуси USAID «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварданд.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бо таъкиди зарурати амалӣ гардонидани чорабиниҳои вобаста ба таъмини ғизо ва фаъолияти марбута ба беҳтар намудани вазъ бо амнияти озуқаворӣ, сафир Эллиотт қайд кард: «Кӯшишҳо рочеъ ба якҷоя кардани барномаҳои кишоварзӣ ва ғизо баҳри мусоидат ба дарёфти ҷомеаҳои боз ҳам солимтар, босамартар ва устувортар равона шудаанд. Ин тавассути таъмини дастрасӣ ба озуқавории босифат ва биноан, ба баланд бардоштани сатҳи сифат ва гуногунрангии вояи ғизо мусоидат мекунад».
Дар давоми ду соли гузашта, дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби фаъолиятҳои ташаббуси USAID «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дастовардҳои зайл дарёфт гаштаанд:
1) ба фермерҳо ва хоҷагиҳои деҳконӣ барои беҳтар гардонии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, афзун кардани даромад ва беҳтар намудани вазъи озуқаворӣ дар хоҷагиҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии хурди тиҷоратӣ, кумак расонида шуд; 2) бо мақсади мусоидат ба аҳолии деҳот, иқтидори маҳаллӣ барои тарҳрезии сохти босамари дониш дар соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ афзун гардонида шуд; 3) бо мақсади пиёда сохтани ислоҳоти кишоварзӣ бахши қонунбарорӣ низ дастгирӣ ёфт.
Илова бар ин, USAID, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаи зирабти навро оғоз намудаанд: (1) Лоиҳаи «Хизматрасонии машваратӣ ба фермерҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он ба мукаммал намудани дониш дар қисмати ғарбии Хатлон бо мақсади ташаккул додани сохторҳои маҳаллӣ баҳри иҷрои қонунгузории оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, фаъолият мекунад; (2) Лоиҳаи «Ислоҳоти замин ва аз навсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ»: ки ҳадафи аслиаш идома додани раванди бозсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ва дарки ҳуқуқҳои моликият, ки суи бозори ҳуқуқи истифодаи замин ҳидоят мекунад; ва инчунин (3) Барномаи «Саломатии модар ва кӯдак»: фаъолиятҳоеро амалӣ месозад ва тақвият медиҳад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани саломатӣ ва ғизои модару кӯдак эътироф ва исбот шудаанд.
Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона, барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста