Имрӯз дар вилояти Суғд таҳти унвони «Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара» як чорабинӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд, форум бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» доир мешавад.
Ба барнома 338 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он наздик ба 1,5 миллиард сомонӣ мебошад. Лоиҳаҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зисту ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра рабт доранд.
Аз ҷумла, 38 лоиҳа ба маблағи 137,6 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба маблағи 209,8 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба маблағи 1 милларду 94 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ дорад.
Дар кори ҳамоиш беш аз 100 нафар соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 25 созмони хориҷӣ, роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста