Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони «Новикомбанк»-и Русия масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни «Амонатбонк» ва ҶДММ «Новикомбанк» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», Гулнора Ҳасанова ва ҳайати кории меҳмонон бо сарварии муовини президенти ҶДММ «Новикомбанк» хонум Ширинская Е.Б. аз ҳамкории мутақобила миёни Амонатбонк ва Новикомбанк қаноатмандӣ изҳор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бозори асъор ва коғазҳои қиматтнок, амалиётҳои бонкнотӣ, маблағгузории ғайринақдӣ ва ҳамчунин маблағгузории мақсаднок дар соҳаи савдоро мавриди муҳокима қарор дода, дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки муносибатҳои судманд миёни бонкҳо бояд дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шавад.
Қобили зикр аст, ки ҶСК Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Новикомбанк» ба қатори 40 бонки бузургтарини Русия дохил шуда, дороиҳои бонк ба санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ 152 млрд. рублро ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста