Бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан густариш ёфта, соли равон натанҳо аз Қазоқистон, балки аз Русияву Туркманистон ва ҳатто Қирғизистон низ ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон 174 ҳазору 28,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 ҳазор тонна зиёдтар аст.
«Кишвари пешсаф ҳамоно Қазоқистон боқӣ монда, ҳиссаи ин давлат дар бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 89,3% (бо нархи 590 $ барои 1 тонна), Русия – 8,5% (813 $ барои 1 тонна) ва Қирғизистон – 0,1% (569 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дода, ҳаҷми боқимонда аз Туркманистон (650 $ барои 1 тонна) интиқол дода шудааст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 107 ҳазору 726 тонна бензин ворид карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 617 тонна камтар буда, нархи миёнаи 1 тонна бензини воридшуда 981 $-ро ташкил додааст. Дар бозори дохилии чаканаи кишвар арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ба 3,70 сомонӣ ва 1 литр бензин ба 6,40 сомонӣ баробар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста