Баъди мулоқот бо намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пиебалгс изҳор намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳкими амният ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷудо кардани 1 млрд. евро маблағ омода аст.
«Муддати 7 соли наздик мо омодаем, ки тадбирҳои таҳкими амният, пуштибонӣ аз демократия ва волоияти қонуну ҳуқуқро ба маблағи то 1 млрд. евро дастгирӣ намоем. Дар муқоиса бо чаҳорчӯби имрӯзаи молиявӣ ин маблағи хеле назаррас буда, вале мо бар ин назарем, ки нисбати барномаҳои амалкунанда дар минтақа аллакай таҷрибаи кофӣ андӯхтаем ва кишварҳои минтақаро зарур аст, ки вазифаҳои зиёдеро ба иҷро расонанд», - иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба гуфтаи Пиебалгс ба журналистон.
Комиссари Аврупо оид ба рушд гуфтааст, дар вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соҳаҳои мушаххаси маблағгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар баёнияи интишоршудаи Комиссияи Аврупо пас аз изҳороти Пиебалгс мушаххас мешавад, ки воситаҳо дар асоси қарордодҳои дуҷониба ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд. Қазоқистон низ тавассути самти ҳамкориҳои минтақавӣ, ки қисмате аз воситаҳо ба он низ равона мегардад, кӯмак гирифта метавонад.
Бино ба иттилои Tppcenter.com , Андрис Пиебалгс ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёнаро номбар кардааст. «То соли 2020 самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ «идоракунӣ», инкишофи «фарогир» ва устувор барои рушди инсонӣ хоҳад буд», - гуфтааст ӯ.
Хабаргузорӣ менависад, пас аз итмоми ҷаласаи корӣ комисари Иттиҳоди Аврупо бо ҳар кадоме аз намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна мулоқот анҷом дода, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи рушдро баррасӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста