Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта Анҷумани VI-уми навбатии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) баргузор шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палата, дар кори Анҷуман кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ – шарикони ПСС ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 420 нафар вакилони корхонаву созмонҳои тиҷоратӣ, иттиҳодия, бонкҳо ва дигар иттиҳоди соҳибкорон – аъзои Палата ширкат вразиданд.
Дар Анҷуман ҳамчунин президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мӯнис Дерик, намояндагони сафоратхонаҳои Чин, Украина ва Белорус дар ҶТ ва ноиби президенти ПСС Қирғизистон Борис Перфилйев низ ҳузур доштанд.
Раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ба ҳозирин дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Палата давоми солҳои 2008-2013, дастовардҳои назаррас ва вижагиҳои кори ин ниҳод маълумот дод.
Гуфта мешавад, сипас тариқи раъйдиҳии кушод Шариф Саид якдилона аз нав раиси ПСС ҶТ ба муҳлати 5 соли минбаъда интихоб шуд. Асаналӣ Карамалиев ва Лариса Кислякова муовинони раиси ПСС ҶТ интихоб шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста