Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 24,3 млн. $ маводи сӯзишворӣ ва ба маблағи 27,5 млн. $ нерӯи барқ содирот шуд.
Бино ба маълумоти расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 131,7 млн. $-ро ташкил додааст, ки ба 3,4% аз ҳаҷми муомилоти моли умумии хориҷӣ баробар аст.
Дар ин давра ба ҳиссаи воридот – 81 млн. $ ва воридот 50,7 млн. $ рост меояд. Суръати афзоиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар ин давра 89,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дода, ба маблағи 15 млн. $ кам шудааст.
Ба номгӯи маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Афғонистон содиршаванда нерӯи барқ – 2 млрд. 611,4 млн. кВт/соат, металлҳои сиёҳ – ба маблағи 3,9 млн. $, сабзавоту мева – 2,3 ҳазор тонна ба маблағи 475,3 ҳазор тонна ва ҳамчунин таҷҳизоту техника ва воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ дохил мешаванд.
Таркиби маҳсулоти аз Афғонистон ба Тоҷикистон воридшаванда пеш аз ҳама аз нуриҳои минералӣ, семент ва мандарин иборат буда, хусусияти мавсимӣ дорад. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ба маблағи 14,4 млн. $ 29,3 тонна шакар, ба маблағи 0,2 млн. $ 0,2 ҳазор тонна гӯши чорвои калони шохдор, ба маблағи 16,7 млн. $ 204,3 ҳазор тонна семент ва ба маблағи 6,9 млн. $ 21,9 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардидааст. Қисмати боқимондаи воридотро сигарет, картошка, тухмии пунбадона, автомашинаҳои сабукрав ва ғайра ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста