Қонунгузории Лаҳистон (Полша) дар бахши соҳибкорӣ барои тоҷирони тоҷик ба забони русӣ тарҷума мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии Тоҷикистон дар масъалаи рушди бахши корхонаҳои хурду миёна – табодули таҷрибаи лаҳистонӣ» аз ҷониби ПСС ҶТ дар ҳамдастӣ бо Агентии рушди соҳибкории Лаҳистон дар Палата семинар барпо карда шуд.
Зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур муовини раиси ПСС ҶТ Лариса Кислякова изҳор намуд, ки дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа ҳайати Тоҷикистон аз Полша боздид намуда, дар марҳилаи сеюм тарҷумаи қонунгузории Лаҳистон дар бахши соҳибкорӣ барои тоҷирони тоҷик пешбинӣ шудааст.
Мушовири аввал, роҳбари шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон Славомир Стшалковски иштирокчиёни семинарро бо иқтисод ва рушди бахши соҳибкории кишвараш шинос намуда, зикр кард, ки 98%-и корхонаҳои хурду миёнаи Лаҳистон дар соҳаҳои тиҷорат, хӯроки умумӣ, сохтмон ва бахши нақлиёту технологияҳои инноватсионӣ фаъолият дошта, «таҷрибаи андӯхтаи Лаҳистон барои соҳибкорони тоҷик муфид хоҳад буд».
Дар семинар аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии ҷумҳурӣ, «Агроинвестбонк», ширкати «Искич», Ассотсиатсияи АВВАТ, «Тоҷикстандарт», корхонаи «Hilfswerk Australia», МОИ «Панҷ», МОИ «Ишкошим» ва кормандони Палатаи савдо ва саноати кишвар иштирок карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста