Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ масъалаи анҷоми лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи корӣ оид ба ин масъала намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва ширкатҳои эронии «Фароб», «Собир» ва «Садд ва туннели Порс», ки ба сохтмони иншоот машғул буданд ва ҳамчунин кормандони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Директори МД «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти ҶТ ва сармуҳандиси нақби «Истиқлол» Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа масъалаи маблағгузории минбаъдаи бозсозии сохтмони нақб баррасӣ шуда, ҷониби Эрон уҳдадор шудааст, ки то нимаи моҳи декабр масъалаи ба ихтиёри ширкатҳои эронӣ фиристодани маблағҳоро ҳал мекунад.
«Мо ҳамчунин масъалаи мабалғгузории илоагиро баррасӣ кардем, вале ҳаҷми он маълум набуда, алҳол маблағгузории 6 млн. $ ба бозсозии иншоот, ки миёни ҷонибҳо баробар тақсим мешавад, мушаххас аст», - иброз дошт сармуҳандиси нақб.
Аввали моҳи октябри соли равон дар робита ба ин масъала иттилоъ дода будем, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои эронии худ арзиши корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора ҳисобу китоб мекунанд.
Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар рафъи мушкилот таъҷилан оғоз нагардад, ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт дар нақб ғайриимкон мегардад.
Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.
Даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста