Дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» ба наздикӣ корхонаи озмоишии истеҳсоли шакар мавриди истифода қарор мегирад.
Тавре аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд, ин корхона бо сармоягузории маблағҳои маҳаллӣ бунёд гардида, дар як шабонарӯз метавонад 30 тонна ашёи хомро коркард намояд. «Имсол дар як қатор ноҳияҳо лаблабуи қанд кишт шуда, рӯзҳои наздик пас аз ҷамъоварии ҳосили он коркард ва истеҳсоли маҳсулот шурӯъ мешавад», - гуфтанд дар МОИ «Суғд».
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин лоиҳаи сармоягузории «Сохтмони корхонаи истеҳсоли шакар» низ мавҷуд аст, ки пешакӣ маблағи бунёди он 1,35 млн. $ арзёбӣ шудааст. Муҳлати сохтмони корхона 1 сол, даромаднокӣ – 33%, муҳлати хароҷотбарораш – 4 сол буда, ашёи хоми истифодашаванда маҳаллӣ ва шумори кормандонаш 30 нафар хоҳад буд.
«Аз ҳама муҳимаш он аст, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтан, корхона аҳолиро бо маҳсулоти нисбатан арзонтар таъмин намуда, аммо ба ин лоиҳа то ҳанӯз ҳеҷ пешниҳоде ворид нагрдидааст», - мегӯянд дар маъмурияти МОИ.
Ҳамасола ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 100-120 ҳазор тонна шакар ворид гардида, талабот ба ин навъи маҳсулот ҳар сол 5-10% меафзояд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, шакар яке аз навъҳои маҳсулотест, ки 100% аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад. Шакар ба Тоҷикистон асосан аз Белорус ва Русия оварда шуда, соли 2012 воридоти он аз Озарбойҷону Ҳиндустон низ ба роҳ монда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста