Рӯзҳои 3-4-уми декабри соли ҷорӣ намояндагони яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истихроҷи нафту газ ва дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия - «Уралмаш НГО Холдинг» аз Тоҷикистон боздид мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни сафар баргузории маросими муаррифии маҳсулоти ширкат дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳамчунин вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти шаҳрдории Душанбе дар назар аст.
«Ғайр аз ин, мутахассисони «Уралмаш НГО Холдинг» аз чоҳи нафту гази майдони «Сариқамиш» боздид намуда, бо кори дастгоҳи пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п», ки ба дарозии чуқуртарини 6,5 ҳазор метр насб шудааст, аз наздик ошно мегарданд», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ширкат, моҳи июни соли 2010 ширкати «Уралмаш» ва гурӯҳи ширкатҳои United Capital Partners (UCP) дар бораи таъсиси бузургтарин ширкати истеҳсоли дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия - «Уралмаш Нефтегазовое Оборудование Холдинг» эълон интишор намуданд.
Фаъолияти «Уралмаш НГО Холдинг» ба лоиҳакашиву истеҳсоли ҳама гуна навъҳои дастгоҳҳои пармакунӣ ва пешниҳоди тамоми маҷмӯи хизматгузориҳо дар ин самт нигаронида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста