Дар ҷаласаи XI-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд санаи 29-уми ноябр нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Созмон бахшҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ мебошанд.
«Барои такони нав бахшидан ба рушди ин соҳаҳо қабули ҳарчи зудтари қарорҳои мувофиқашуда оид ба роҳандозии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалияноки иқтисодӣ ва зербиноӣ дар доираи Созмон зарур буда, зимни гуфтушуниди имрӯза доир ба дастгирии таъсиси ин ниҳодҳо ба мувофиқаи усулӣ расидем», - иброз доштааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки айни замон лоиҳаҳои муҳим барои иштирокчиёни Созмон аз ҷониби иттиҳодияи байнибонкӣ маблағгузорӣ мешаванд. Бо мақсади минбаъд пурсамар маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои муштарак Русия таъсис Фонди рушди СҲШ ва Чин таъсиси Бонки рушди СҲШ-ро пешниҳод доранд. Акнун нахуствазиронро лозим аст, ки ҷиҳати маблағгузории пурсамари лоиҳаҳои муштарак қарори қобили қабули ҳама ва беҳтарин дар ин масъаларо дарёб намоянд.
Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, ба ҳайати он кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири СҲШ ва Белорусу Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикон оид ба муколама дар созмонро доро мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста