Ширкати «Барқи тоҷик» қотеъона маълумот дар бораи шадид гардидани лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳуриро рад мекунад.
Дар изҳороти ширкат зикр мегардад, ки реҷаи интиқои барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан риоя мегардад. «Айни замон ба манотиқи ҷумҳурӣ аз реҷаи тасдиқшуда зиёдтар барқ дода мешавад», - баён мегардад дар изҳорот.
«Ба истеъмолгарон нерӯи барқ тибқи реҷаи киловатт/соат, на ба реҷаи вақт дода мешавад ва ин маънои онро дорад, ки нерӯи барқи ба ин ё он минтақа ҷудогардида пурсамар ва сарфакорона истифода гардида, метавонад ба муддати зиёд ё камтар кофӣ бошад, яъне нишондиҳандаи вақт дар ин ҳолат шартӣ аст», - таъкид мегардад дар изҳорот.
Бино ба иттилои ширкат, моҳи аввали ҷорӣ шудани лимит, моҳи ноябр ба истеъмолгарон 1 млрд. 271 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардид, ки нисбат ба реҷаи қаблан тасдиқшуда 51 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад. «Дар манотиқе, ки ба ҳаҷми ҷудошудаи барқ сарфакорона рафтор намуданд, он ба муддати бештар истифода шуд», - гуфтанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт. Аммо дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ мегӯянд, ки воқеъан дар як шабонарӯз на бештар аз 6-7 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Кулоби3 декабр, 2013 18:11
Чаро дуруг мегуед? Дар шахри Кулоб, дар бинохои маркази лимити 100% барк вучуд дорад....