Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти раиси Палата, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии директори генералии ДИЕК, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Махмуд Эр баргузор шуд. Дар вохӯрӣ сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мӯнис Дерек низ ҳузур дошт.
Ҳайати Туркия аз намояндагони ширкатҳои «Кока-Кола Ичеджек А.Ш.», «Трие Диш Тиджарет Лтд.», «Шнайдер Электрик», «Дизайн Груп», «Санта Фарма Илач Санайи А.Ш.» иборат буд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҳадаф аз вохӯрӣ шиносоӣ бо муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти иқтисодии он, таҳлили вазъи робиттаҳои тиҷоративу иқтисодии мавҷуда миёни кишварҳо аст. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи бахшҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон, имконоти сармоягузорӣ ба онҳо маълумот дода, соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, ранга, кимиёвӣ, сабук, саноати коркард, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тиб, дорусозӣ, дандонпизишкӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ унвон шуданд.
Маҳмуд Эр низ доир ба фаъолияти ДЕИК, тадбирҳои амалишуда дар доираи фаъолияти Шӯрои корӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, зарурати баргузор намудани вохӯриҳои дуҷониба ва ҳамоишҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян кардани имконоти сармоягузорӣ ибрози назар кард.
Зимнан зикр гардид, ки муддати ду рӯзи минбаъда ҳайати Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия дар вазоратҳои рушди иқтисоду савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ гуфтушунидҳо анҷом дода, аз минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Данғара боздид ва бо доираҳои кории ин минтақа вохӯриҳо мегузаронад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста