Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс дар ҳаҷми 136 млн. $ ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи афзоиши таҳвили электроэнергияи барқароршаванда ба низомҳои энергетикии миллӣ ва минтақавиро маъқул шуморид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин аз ҳама бурси бузургҳаҷмест, ки БОР ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар доираи амалисозии лоиҳа дастгоҳҳои барқӣ ва таҷҳизоти механикии нерӯгоҳи «Сарбанд» таъмиру азнавсозӣ мешавад.
Нерӯгоҳи «Сарбанд» дар дарёи Вахш тахминан дар 80 километрии ҷануби Душанбе воқеъ буда, иқтидораш 240 мегаватт ва нерӯгоҳи барқиву обии куҳантарин баъди нерӯгоҳи Қайроққум ба шумор меравад. Сохтмони нерӯгоҳи «Сарбанд» соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 мавриди истифода қарор дода шуд.
«Аксари иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ сохта шуда, ба барқарорсозӣ ва азнавсозии технологӣ ниёз доранд ва ба ин васила БОР ба афзоиши ҳосилнокиии бахши энергетика тавассути ислоҳоти зербинои мавҷуда кумак карданист, то ки онро аз нигоҳи тиҷорат бештар ба замони муосир мутобиқ созад», - гуфтааст дар мавриди ин масъала намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си-Си Ю.
Интизорӣ меравад, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ, ки бояд соли 2020 ба итмом расад, иқтидори нерӯгоҳи «Сарбанд» аз 240 то 252 мегаватт меафзояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 34 млн. $ маблағгузории шарикӣ дар ин лоиҳаро анҷом дода, ШСХК «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи лоиҳа мешавад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста