Бад шудани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол, фаромадани туман ва боридани барф субҳи имрӯз самти парвози баъзе хатсайрҳоро дигар кард.
Мувофиқи муқаррароти қавоиди авиатсионӣ ҳар як ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи таъин парвоз менамояд барои худ чанд фурудгоҳи захиравии дигар низ дорад.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо рейси 4852, ки дар хатсайри Санкт-Петербург–Душанбе парвоз мекард, бинобар номувофиқ будани вазъи ҳавои фурудгоҳи Душанбе дар фурудгоҳи Кулоб нишаст.
«Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалиний», ки дар хатсайри Екатеринбург-Душанбе парвоз мекард, сараввал дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст ва бо мусоид шудани вазъи ҳаво ба Душанбе парвоз кард», - гуфт ӯ.
Ба қавли Шодиев, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки бо рейси 252 дар хатсайри Москва –Хуҷанд парвоз мекард, бинобар фаромадани туман дар фурудгоҳи Хуҷанд, дар фурудгоҳи Душанбе нишаст ва алъон ҳавои Хуҷанд кушода гашт ва соати наздик ин ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз хоҳад кард.
Зимнан зикр гардид, ки сарфи назар аз боридани барф, фурудгоҳи Душанбе бо тартиби муқаррарӣ фаъолият намуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳо аз рӯи ҷадвал идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста