Дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» доир мегардад, намояндагони тақрибан 80 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дурнамои рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти дастандаркорони ҳамоиш, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ шиносоии бештари иштиркочиён бо ислоҳоти тарҳрезишуда дар фаъолияти бахши сайёҳии ҷумҳурӣ аст, ки айни замон аз ҷониби ҳукумати кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад, сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолияташон дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодул менамоянд ва бахусус таъкид ба он хоҳанд кард, ки чӣ тавр рӯҳияи соҳибкорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор аст.
«Ба замми мубодила намудани иттилооти таҷдидшуда дар соҳаи сайёҳӣ, дар баҳсу баррасиҳои мазкур, Ассотсиятсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ин маъракаро як нишонаи қавие дар эътирофи саноати туризм ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд», - зикр мекунанд созмондиҳандагони ҳамоиш.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста