Субҳи имрӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни касбии кормандони ин бахш ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Зимни ифтитоҳи маҷлис вазири нави молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов кормандони вазорат ва воҳидҳои зертобеъи онро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Назди аҳли маҷлис ҳамчунин муовини аввали вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов низ суханрнӣ намуда, дар бораи фаъолияти бахши молияи ҷумҳурӣ маълумот дод.
Вазири молияи ҷумҳурӣ изҳори итминон кард, ки кормандони низоми молияи кишвар баҳри сарбаландона баромадан аз уҳдаи иҷри вазифаҳои дар наздашон гузошта ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар фаъолияти рӯзмарраи худ ба комёбиҳо ноил хоҳанд шуд.
Вазири нави молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов аз моҳи феврали соли 2006 ба ҳайси Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо фармони президент ба мансаби вазири молияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Сафаралӣ Наҷмиддиновро, ки 14 сол – аз соли 2000 сари ин мансаб қарор дошт, иваз намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста