Дар гузориши ахир оид ба Барномаи шарикии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Тоҷикистон зикр мегардад, ки низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳои минбаъда осебпазир аст.
«Санҷиши устувории бахши бонкии ҷумҳурӣ ба буҳронҳо нишон дод, ки ҷиҳати таҳкими вазъи сармоя, беҳбуди низомҳои идоракунии бонкӣ ва хатарҳо, таҷрибаи ҳисоботдиҳӣ ва ҳамчунин бартараф намудани вобастагӣ аз Бонки миллии кишвар дар соҳаи дастгирии бозоргирӣ кӯшишҳои минбаъда заруранд», - изҳор мекунанд муаллифони гузориш.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки нишондиҳандаҳои табдил ба сармоя ва даромаднокии бахши бонкии Тоҷикистон шояд аз будаш зиёд нишон дода шуда, бонкҳо бо мушкилоти бозоргирӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва сарфи назар аз афзоиши босуръати даромади соф дар зарфи 6 моҳи соли равон, ки ба 21,2 млн. $ расидааст, сатҳи даромаднокӣ паст боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, бинобар сабаби номутобиқатии муҳлатҳои пардохти дороиҳо ва пассивҳо бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди бозоргирӣ дучор гардида, бештар ба қарзҳо аз ҷониби Боник миллӣ барои дастгирии бозоргирӣ ва таъмини эҳтиёҷоти молиявии худ вобаста мешаванд.
Қобили зикр аст, ки айни замон низоми бонкии Тоҷикистон аз 16 бонк, 1 ташкилоти ғайрибонкии молиявӣ, 37 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 42 муассисаи хурди қарздиҳӣ ва 39 фондҳои хурди қарзӣ иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста