Мутобиқи аҳдномаҳои қаблан мувофиқашудаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) байни Бонки олмонии рушд (KfW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир («Помирэнержи») баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, шартномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Директори кулли ширкати «Помирэнержи» Далер Ҷумъаев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки кумаки навбатӣ ба барномаи бахши энергетикӣ «Таҷдиди НБО-и хурд дар дарёи Оқсуи ноҳияи Мурғоб» дар ҳаҷми 5 млн.евро ҷудо карда мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи барнома дар назар аст, ки истеҳсоли нерӯи барқ зиёд хоҳад шуд, яъне иқтидори нерӯгоҳ дар давраи зимистон панҷ маротиба ва мавсими тобистон се маротиба афзун мегардад. Ҳамчунин, он имконият медиҳад, ки аҳолии минтақа ба муддати 7 моҳ дар як сол бо нерӯи барқ мунтазам таъмин карда шаванд. Бо назардошти он ки мавсими гармидиҳӣ дар ноҳия 9 моҳро ташкил медиҳад, чунин нишондод вазъи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро хеле беҳтар менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста