«Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он», - чунин ном дошт мавзӯи мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо масъулини Ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки 12 декабри соли равон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорони он аз бурду бохти ташкилотҳои номбурда сухан ронда, изҳор доштанд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият доранд. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ раванди зиёд шудани ҷалби амонатҳо, сармояи онҳо мушоҳида гардида, доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд васеъ шуда, шумораи онҳо афзуда истодааст. Соли гузашта бошад, якчандтои онҳо ба гирифтани баҳои баланди ташкилотҳои байналмилалӣ сазовор гаштанд.
Қайд гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар ин қисмати фаъолияти бонкӣ, на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз он ҷумла дар бахши ҷалби амонатҳо ба таври зарурӣ истифода бурда мешаванд. Баъзе ташкилотҳое низ ҳастанд, ки ҳисоботҳои молиявии худро сари вақт пешниҳод наменамоянд ё дар раванди омода намудани онҳо ба беаҳамиятӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба хатогиҳо оварда мерасонад.
Зимни мулоқоти судманд ба роҳбарони ташкилотҳои номбурда тавсия дода шуд, ки оид ба паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда кӯшиш намоянд ва шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои хурдро дар назди муштариён таъмин кунанд.
Роҳбарони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар кардани кори ташкилотҳояшон, оиди захираҳои ҳатмӣ, суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ ва ғайра пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста