Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев бо Гуруҳи кории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Шуъбаи Департаменти кӯмаки берунаи вазорати мазкур ҷаноби Шэн Тутсзян оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа- Кӯлоб баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар оғози дидор Н.Бӯриев аз ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
«Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ҳадафи асосии ташрифи ҳайати мазкур ба Тоҷикистон доир намудани мулоқот бо намояндагони вазорату идораҳои марбута, вобаста ба татбиқи лоиҳа оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа – Кӯлоб аст», - омаддаст дар хабари вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ҳайати мазкур дар ҷараёни сафарашон, ҳамчунин аз маҳалли татбиқи лоиҳа дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб боздид хоҳанд намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста