Озмоишҳои геологӣ дар чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон толбистони соли 2014 ба итмом мерасанд. Дар ин бора аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар иншооти якуми чоҳи «Шаҳринав-1п» озмоишҳо ба охир расида, корҳои озмоишӣ дар иншооти дуюми чоҳ оғоз гардиданд. То тобистони соли 2014 натиҷаҳои озмоиш ҷамъбаст шуда, то он замон мо бояд боз 6 иншооти дигар дар чоҳро мавриди санҷиш қарор диҳем», - гуфтанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6450 метр ба итмом расонид.
Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.
Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.
Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.
Аввали моҳи ноябри соли равон собиқ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии ҶСП «Газпром ЭП Интернешнл Сервисиз Б.В» Гулев В.Л оид ба вазъ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи «газпром» дар Тоҷикистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста