Дар гузориш таҳти унвони «Таҳқиқоти монеъаҳое, ки бахши хусусии Тоҷикистон зимни содироти маҳсулот ва хизматгузориҳои худ ба бозорҳои ҷудогона дучор мешавад»-и Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нахи пахта ба Эрон ба мушкилоти назаррас мувоҷеҳ мегарданд.
Дар таҳқиқот шарҳ дода мешавад, ки ин мушкилот ба душвориҳои марбут ба пардохтҳои байнулмилалӣ ва талаботи танзими асъор дар Эрон алоқаманданд. «Ширкатҳои тоҷикистонӣ ба мушкилоти ҳисоббаробаркунии саривақтӣ барои маҳсулоти ба Эрон воридшуда дучор гардида, барои раҳоӣ ёфтан аз ин ҳолат, баъзе аз онҳо маҷбуран ба ҷойи пардохти пулӣ ба ивази маҳсулот (бартер) машғул мешаванд», - баён мегардад дар таҳқиқот.
Коршиносони МТБ таъкид месозанд, ки ин вазъ барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Эрон монеъаи ҷиддӣ эҷод мекунад ва «аксари ширкатҳои содиркунанда пас аз анҷоми як ё ду муомилот амалиёти содиротро қатъ мекунанд».
«Ҳарчанд ин масъала бо ташаббуси ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нахи пахта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта бошад ҳам, аммо танзими асъор ва пардохтҳо дар Эрон торафт бахшҳои зиёди содироти маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистонро фарм мегиранд», - гуфта мешавад дар таҳқиқоти таҳлилгарони марказ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста