Аз оғози сол арзиши хизматгузориҳо ба аҳолии Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафтанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон арзиши хизматгузориҳо дар муассисаҳои фароғативу истироҳат ва осоишгоҳҳо – 25%, ҳаммом ва макони оббозӣ – 16,1%, берун баровардани партовҳои маишӣ – 7,3%, таъмири пойафзолу сартарошхонаҳо – 3,5%, аксбардорӣ – 1,3% ва хушкашӯи (химчистка) – 1% афзудаанд.
Дар баробари ин дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки дар ин давра коҳиши нархҳо ба гази моеъ ба андозаи 4,3%, арзиши роҳкиро дар роҳи оҳан – 3,2% ва роҳкиро ба нақлиёти ҳавоӣ ба миқдори 0,4% ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, тӯли 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дода, дар ин давра арзиши маҳсулоти ғизойӣ - 2,8% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,1% боло рафтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста