Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1% ё худ 189,1 млн. доллари ИМА бештар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 2,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 1 млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 12,9% ё худ 160,2 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,7 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,3% ё худ ҳудуди 350 млн. $ зиёдтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ба аввали моҳи декабр ҳудуди 918 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Чин – 630 млн. $, Қазоқистон – 628 млн. $ ва Туркия – тақрибан 620 млн. $-ро ташкил дод.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта зиёда аз 5,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 15,1% ё худ 674 млн. $ зиёдтар буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста