Тибқи пешгӯии ахири коршиносони Департаменти СММ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2014 ба 3% ва соли 2015 ба 3,3 % мерасад. Соли равон ин нишондиҳанда каме бештар аз 2%-ро ташкил дод.
Коршиносон зикр кардаанд, ки Аврупо дар ниҳояти кор аз буҳрон раҳо ёфта, дар ИМА суръати афзоиши иқтисодӣ каме зиёд шудааст ва ба Чину Ҳиндустон муяссар гардидааст, ки коҳиши суръати афзоиши тайи ду соли охири ҷараёндоштаи иқтисодро боздоранд. Дар ин кишварҳо суръати афзоиш мутаносибан 7,5 ва 5%-ро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, дар Русия соли 2013 бар асари коҳиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва сармоягузорӣ поинравии суръати болоравии иқтисод идома ёфта, соли 2014 афзоиши начандон қобили мулоҳиза дар ҳаҷми 2,9 фоиз дар назар аст.
Ёвари Дабири кулли СММ оид ба рушди иқтисодӣ Шамшод Ахтар зикр кардааст, ки дар бозори меҳнат пешравӣ ба мушоҳида нарасида, нишондиҳандаҳои бекорӣ ҳамоно коҳиш меёбанд. «Мо бештар аз рукуду беҳаракатӣ дар бахши талабот ва пешниҳод дар бозори меҳнат нигаронӣ дорем, ки бар асари он нишондиҳандаҳои бекорӣ хеле баланд боқӣ мемонанд. Дар аксари минтақаҳо мизони бекорӣ миёни ҷавонон ва қишри осебпазири аҳолӣ беҳад баланд аст», - гуфтааст номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста