Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 192 ҳазор ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 118 ҳазор тонна ё худ 2,6 баробар зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи ноябри соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 18 ҳазор тонна гази моеъ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи пешин 10% камтар мебошад.
Зикр гардид, ки ба Тоҷикистон гази моеъ аслан аз Қазоқистон ва соли ҷорӣ ҳамчунин аз Русияву Туркманистон ва Қазоқистон низ ворид карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2010 Русия ба маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон мефиристодааш боҷи содиротӣ ҷорӣ карда, ин ба он боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Ахиран ҳукумати Русия дар бораи муваққатан мавриди амал қарор додани Созишнома дар бораи таҳвили бебоҷи маҳслуоти нафтии Русия ба Тоҷикистон қарор қабул кард.
Воридоти миқдори аввалини маҳсулоти нафтии бебоҷи Русия ба Тоҷикистон 20-уми ноябри соли ҷорӣ оғоз гардиданд ва пас аз ин арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории кишвар ҳамагӣ ба андозаи 20% поин рафт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста