То аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ба маблағи умумии ҳудуди 95 млн. сомонӣ тақрибан 230 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва технологиҳои нави ҶТ, айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарӯза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ бо тамғаи сементи М-400 ва М-500 истеҳсол мекунад. «Бо истифода аз технологияи муосир хароҷоти ангишт ба як тонна клинкери истеҳсолшуда 140-160 кг-ро ташкил медиҳад», - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Ба иттилои манбаъ, оғози фаъолияти корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» боиси бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани 534 нафар гардид, ки аз ин шумора 80%-ро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад.
Барои истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 миллион тонна), гилхоки «Дарагӣ» (31 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2.2 миллион тонна) истифода бурда мешавад. Корхона бо 75% сармояи ширкати хитойӣ ва 25% сармояи ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон сохта шудааст.
Бояд қайд кард, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» истеҳсоли сементи ватанӣ афзуда, нархи 1 киллограмми он дар бозори дохилӣ аз 1,2 ба 0,8 сомонӣ паст фаромад.
Ёдрас мекунем, ки корхонаи мазкур ахири моҳи сентябри соли равон бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста